速報APP / 圖書與參考資源 / Ҳофизи Шерозӣ.

Ҳофизи Шерозӣ.

價格:免費

更新日期:2017-07-29

檔案大小:4.9M

目前版本:1.0

版本需求:Android 4.0 以上版本

官方網站:https://www.facebook.com/ANDROIDTAJIK/

Email:skifsulton@gmail.com

聯絡地址:Таджикистан

Ҳофизи Шерозӣ.(圖1)-速報App

Рубоиёт

1

Ҷуз нақши ту дар назар наёмад моро,

Ҷуз кӯйи ту раҳгузар наёмад моро.

Хоб арчи хуш омад ҳамаро дар дида

Ҳаққо, ки ба чашм дарнаёмад моро.

2

Баргир шароби тарабангезу биё,

Пинҳон зи рақиби сифла бистезу биё!

Машнав сухани хасм, ки биншину марав,

Бишнав зи ман ин нукта, ки бархезу биё!

3

Гуфтем, ки: «Лабат». Гуфт: «Лабам оби ҳаёт».

Гуфтам: «Даҳанат». Гуфт: «Зиҳӣ ҳабби набот!»

Гуфтам: «Сухани ту?» Гуфт: «Ҳофиз гуфто:

Ҳофизи Шерозӣ.(圖2)-速報App

Шодии ҳама латифагӯён, салавот!»

4

Моҳе, ки қадаш ба сарв мемонад, рост,

Оина ба дасту рӯйи худ меорост.

Дасторчае пешкашаш кардам, гуфт:

«Васлам талабӣ? Зиҳӣ хаёле, ки турост!»

5

Ман бо камари ту дар миён кардам даст,

Пиндоштамаш, ки дар миён чизе ҳаст?

Пайдост аз он миён, чу барбаст камар,

То ман зи камар чӣ тарф хоҳам барбаст!

6

Ту бадриву хуршед туро банда шудаст,

То бандаи ту шудаст, тобанда шудаст.

З-он рӯй, ки аз шуои нури рухи ту

Ҳофизи Шерозӣ.(圖3)-速報App

Хуршеди муниру моҳ тобанда шудаст.

Ҳофизи Шерозӣ.(圖4)-速報App